С. МАҶИДОВ: «БОБОҶОН ҒАФУРОВ ШӮҲРАТИ ҶАҲОНӢ ДОРАД
Душанбе, 26 декабр. (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина).- Директори пажӯҳишгоҳи таъриху мардумшиносии ба номи Ҷ.Валихонови кумитаи илмии вазорати маориф ва илми Қазоқистон, профессор Саттор Маҷидов дар конфронси илмии байналхалқии бахшида ба 100- солагии рӯзи таваллуди Б.Ғафуров изҳор намуд, ки «Бобоҷон Ғафуров таърихи зиндаи тоҷиконро дастраси оламиён гардонд ва барои пешрафти соҳаҳои илм ва таҳсилоти олӣ корҳои зиёдеро ба сомон расонд. Саҳми ӯ дар пешрафти илми шарқшиносии шӯравӣ хеле бузург аст».Саттор Маҷидов афзуд, ки академик Б.Ғафуров тамоми нақшаҳои барқарор сохтани Ҷодаи бузурги абрешимро омӯхта, барои амалӣ сохтани онҳо нақши намоён гузошт. Қайд карда шуд, ки Бобоҷон Ғафуров одамонро на аз рӯи тарҷумаи ҳолашон, балки бо назардошти маҳорат ва фаъолияти илмӣ ба кор ҷалб мекард. Бинобар ин дар Пажӯҳишгоҳи шарқшиносӣ намояндагони миллатҳои гуногун кор мекарданд. Кормандони пажӯҳишгоҳ танҳо баъди гузаштан аз озмун ба кор қабул карда мешуданд.С.Маҷидов дар бораи сифатҳои инсонии Б.Ғафуров сухан ронда, зикр кард, ки ӯ дар бобати муносибату мубошират бо одамон таҷрибаи калон дошт. Вай барои ҷавонон мураббии хирадманд ва барои калонсолон маслиҳатчии бебаҳо буд. Ӯ дар хотири мо ҳамчун арбоби барҷастаи илм, намояндаи арзандаи халқи худ, олими машҳур ва инсони хоксор нақш бастааст, гуфт дар хотима олими қазоқ.








Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд






