САФАРАЛӢ РАҶАБОВ ВАКИЛИ МАҶЛИСИ ВИЛОЯТ ИНТИХОБ ШУД
Қӯрғонтеппа, 30 декабр. (АМИТ «Ховар», Мурод Сотиев). — Дар округи интихоботии рақами 59 – уми вилояти Хатлон интихоботи вакили маҷлиси намояндагони мардумии вилояти Хатлон баргузор гардид. Раиси комиссияи интихоботии вилоят Асадулло Файзалиев ба АМИТ «Ховар» хабар дод, ки дар интихобот раиси ноҳияи Ховалинг Сафаралӣ Раҷабов ва директори мактаби миёнаи рақами 3 – и ноҳия Садбарг Авғонова номзади вакил пешбарӣ карда шуданд. Аз рӯи натиҷаҳои интихобот, С.Раҷабов 88, 1 фоизи овози интихобкунандагонро ба даст оварда, вакили маҷлиси намояндагони мардумии вилояти Хатлон интихоб шуд.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






