САФАРИ КОРИИ САРВАЗИРИ ҶУМҲУРӢ О. ОҚИЛОВА БА ВИЛОЯТИ СУҒД

Декабрь 10, 2008 15:59

          Душанбе, 10   декабр. (АМИТ «Ховар»,  Наргис  Бояхмедова). –  Сарвазири  ҷумҳурӣ  Оқил  Оқилов  барои  боздиди  корӣ  ба  вилояти  Суғд  рафт. Вай  зимни  сафар  бо ҷараёни  сохтмони   корхонаҳои  саноатӣ  ва  муассисаҳои   варзишию  фарҳангӣ  шинос  гардид. О.Оқилов,   аз  ҷумла,  бо рафти  сохтмони  корхонаи  бофандагии «Нику – Хуҷанд» шинос  шуд. Тибқи  нақша,  дар  корхонаи  мазкур  баъди  ба  истифода  дода шуданаш  650 нафар  кор   хоҳад  кард. Барои  сохтмони он  43  миллион  доллари  ИМА  ҷудо  карда  шудааст. Сохтмони  корхона  тобистони  соли  оянда  ба  охир  мерасад. О.Оқилов  баъдан  маҳалли  сохтмони  Литсейи  Президентиро  дар  шаҳри Чкаловск  ва майдони  варзишии  шаҳри  Хуҷандро  аз  назар  гузаронд. Ӯ   дар  ноҳияи  Масчоҳ  бо  ҷараёни  сохтмони  корхонаи  калобаресӣ  шинос  гардид, ки   маблағи  сохтмони онро Бонки  Евразия  мепардозад. Сарвазир  дар  фарҷоми  сафар бо  ҷараёни  сохтмони  корхонаи  маъдантозакунии  муштараки  Тоҷикистону  Чин  дар Олтинтопкан  шинос  гардид.

Декабрь 10, 2008 15:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид