САФАРИ О. ОҚИЛОВ БА МАСКАВ
Душанбе, 11 декабр. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова). – Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Оқил Оқилов имрӯз барои иштирок дар маҷлиси 22 — юми Шӯрои байнидавлатии Ҷомеаи иқтисодии Евразия ба шаҳри Маскав рафт, ки пагоҳ, 12 декабр кушода мешавад. Дар ин маҷлис сарони Ҳукуматҳои мамлакатҳои аъзои ҷомеа ширкат меварзанд. Дар доираи он созишномаҳо дар бораи таъсиси низоми умумии таъминоти иттилоотии бозори энергетикии давлатҳои аъзои ҷомеа, бунёди низоми иттилоотии Ҷомеа дар соҳаи танзими техникӣ, тадбирҳои санитарӣ ва фитосанитарӣ, амалӣ сохтани сиёсати мувофиқашуда дар ин соҳаҳо ва протоколи таъсиси бозори умумии суғуртаи давлатҳои аъзои ҷомеа имзо карда мешаванд. Мақоми олии иттифоқи гумрукӣ дар масъалаҳои ташкили Иттифоқи гумрукҳо силсилаи қарорҳои муҳим қабул хоҳад кард. Дар маҷлис сарони ҳукуматҳои Белорусия, Қазоқистон ва Русия дар масъалаҳои танзими арзишҳои таарруфаю гумрук, беҳтар сохтани идораи гумрукӣ ва маълумоти омор, танзими техникии тадбирҳои соҳавӣ 14 қарордоди байналхалқӣ ва созишномаро дар бораи котиботи комиссияи Иттифоқҳои гумрукҳо имзо хоҳанд кард. Иштирокчиёни маҷлис масъалаи андешидани тадбирҳои муштаракро бо мақсади бартараф сохтани оқибати бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ баррасӣ менамоянд. Дар ин маҷлис сарони ҳукуматҳои панҷ давлати аъзои ҷомеа – Белорусия, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистон иштирок менамоянд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






