САФАРИ РАИСИ КУМИТАИ ДАВЛАТИИ АМНИЯТИ МИЛЛИИ ҶТ БА АФҒОНИСТОН

Декабрь 5, 2008 11:13

            Душанбе,  5   декабр.  (АМИТ «Ховар», Темур   Бандишоев). —  Раиси Кумитаи  давлатии  амнияти  миллии   Ҷумҳурии  Тоҷикистон Хайриддин  Абдураҳимов ба  Давлати  Исломии  Афғонистон  сафар  кард. Вай зимни сафар бо роҳбарони мақомоти қудратӣ ва   муҳофизи қонуну тартиботи  Афғонистон  силсилаи мулоқотҳо  анҷом  дод. Дар  ҷараёни  ин  мулоқотҳо   масъалаҳои   рушди  ҳамкорӣ  дар  ҳалли  проблемаҳои  марбут  ба  мубориза  ба  муқобили  терроризми  байналхалқӣ,  ифротгароӣ,  қочоқ  ва  хариду  фурӯши  ғайриқонунии  маводи  нашъадор,  инчунин  муҳоҷирати  ғайриқонунӣ  мавриди  баррасӣ  қарор  гирифтанд. Дар  фарҷоми   мулоқотҳо   дар  бораи  таъмини   суботи  вазъияти  сарҳад  ва  ба  роҳ  мондани  мубодилаи  маълумот  дар  байни  мақомоти  дахлдори  ҳар   ду давлати  ҳамсоя  паймон  карда  шуд.

Декабрь 5, 2008 11:13

Хабарҳои дигари ин бахш

15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид