САОДАТ РАСУЛОВА: «БА ТОҶИКИСТОН ОРДУ ГАНДУМ МЕОРЕМ»

Декабрь 19, 2008 14:54

                 Душанбе, 19 декабр. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова).- Дар доираи вохӯрии Ҳамкориҳои байниҳукуматии тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистону Белорус масъалаҳои марбут ба соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт, аз ҷумла тиҷорат, истихроҷи қувваи барқ, кишоварзӣ, варзиш, сафару саёҳат ва фарҳанг муҳокима шуда, баҳри густариши ҳамкориҳои дуҷониба дар оянда созишнома ба имзо расид.                  Инчунин, зимни мулоқот қайд гардид, ки Белорус ба Тоҷикистон дар соҳаҳои сохтмони иншооти гидроэнергетикӣ ва таъмини соҳаи кишоварзӣ бо техника кӯмак хоҳад кард. Ҳарду ҷониб паймон бастанд, ки дар заминаи корхонаҳои саноатии мавҷудаи Тоҷикистон корхонаҳои хурди муштарак ташкил карда шавад.                Дар доираи ин мавзӯъ мухбири АМИТ «Ховар» бо директори Раёсат оид ба маҳсулоти нонии Ҷумҳурии Белорус Саодат Расулова ҳамсӯҳбат гардид.               — Корхонаи мо асосан ба истеҳсоли орду гандум ва маҳсулоти хӯрокворӣ сарукор дорад. Бояд гуфт, ки орди истеҳсолкардаи корхонаи мо на танҳо дар Ҷумҳурии Белорус, балки дар Европа низ ба талабот ҷавобгӯ аст. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Вазорати энергетика ва саноат ва «Тоҷикматлубот» дидан кардем. Маълум шуд, ки дар худи Вазорати энергетика ва саноат шӯъбаи маҳсулоти хӯрокворӣ вуҷуд доштааст ва мо ният дорем дар бораи расонидани орду гандум аз Ҷумҳурии Белорус ба Ҷумҳурии Тоҷикистон созишнома ба имзо расонем,- гуфт С. Расулова.

Декабрь 19, 2008 14:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад