САРМОЯГУЗОРОНИ ХОРИҶӢ БАРОИ СОХТМОНИ БОҚИМОНДАИ РОҲ РОЗИГӢ ДОДАНД

Декабрь 12, 2008 08:18

                   Душанбе, 12 декабр. (АМИТ «Ховар», Мавзуна Бойева).- Баҳри татбиқи Лоиҳаи сохтмони роҳи мошингарди Кӯлоб-Қалъаихумб корҳои аксбардорӣ-топографӣ аз моҳи декабри соли 2007 оғоз гардида, то ба имрӯз корҳои ҷустуҷӯӣ ба анҷом расонида шуд. Дар натиҷа, ҳуҷҷати Асоснокии Техникии Иқтисодии лоиҳа аз тарафи машваратчиён тайёр карда шуд ва барои тасдиқ намудан ба Фонди Қувейтии Рушди Иқтисодии Араб пешниҳод гардид. Маблағи лоиҳа 521,1 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Дар ин самт 19 нафар мутахассиси муҳандисию техникӣ кор карда истодаанд. Аз он ҷумла, 16 нафар мутахассиси маҳаллӣ ва 3 нафар мутахассиси хориҷӣ. Бояд зикр намуд, ки соли 2006 намояндагони Бонки Исломии Рушд, Фонди Опек, Фонди Қувейтии Рушди Иқтисодии Араб, Фонди Рушди Саудӣ, ки ба Тоҷикистон омада буданд, дар рафти рўзномаи кориашон аз роҳи мошингарди  Кўлоб — Қалъаихумб дидан карданд ва барои ҳамкорӣ дар сохтмони боқимондаи роҳу пулҳо розигии худро доданд. Баъди ба анҷом расонидани корҳои таҳияи Асосмандии Техникии Иқтисодӣ (ТЭО) ва банақшагирии пурраи муҳандисии Лоиҳаи «Роҳи мошингарди Кӯлоб-Қалъаихумб», маблағгузории лоиҳа аз тарафи сармоягузорони номбаршуда дар назар аст.

Декабрь 12, 2008 08:18

Хабарҳои дигари ин бахш

КОНСТИТУТСИЯ — БАХТНОМАИ МИЛЛАТ ВА ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат чорабинии сиёсиву фарҳангӣ баргузор гардид
Дар қисми низомии қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ доир гардид
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд