«САРОЙКАМАР» ВА ЦСКА «ПОМИР» АЗ ИШТИРОК ДАР ҚУВВАОЗМОӢ МАҲРУМ ШУДАНД

Декабрь 3, 2008 15:29

           Душанбе, 3  декабр. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). – Дастаи  футболи «Регар – Тадаз», ки дар ҷадвали мусобиқоти  қаҳрамонии  дастаҳои  футболи  лигаи олии  ҷумҳурӣ  дар  сафи  пеш  қарор  дорад, қувваозмоии  навбатиро   бо  дастаи  «Парвоз»  бо  ҳисоби 1:2   бохт.  Бо  вуҷуди  ин,   дастаи  «Регар – Тадаз» мақоми  пешсафиро  аз  даст  надода,  барои ба даст  овардани  унвони  қаҳрамонӣ  мубориза  мебарад.  Аз Федератсияи  футболи  Тоҷикистон  ба  Амит «Ховар»  хабар  доданд, ки мувофиқи қарори Кумитаи иҷроияи федератсия   дастаҳои  «Саройкамар» ва ЦСКА «Помир» аз ҳуқуқи иштирок дар  қувваозмоиҳои минбаъда  маҳрум  карда  шуданд. Онҳо  акнун  дар  бозиҳои оянда  иштирок  намекунанд ва нисбати онҳо  бо  ҳисоби  0:3  бохти  техникӣ  ҳисоб  карда  мешавад.             Мухбири  АМИТ «Ховар»  хабар  медиҳад, ки   дастаи  футболи  «Истиқлол» — и  шаҳри  Душанбе  ва   дастаҳои  футболи  «Сомонком»  ва «Спитамен» —  вилояти  Суғд дастаҳои  беҳтарини  лигаи  якум  буда, ҳуқуқ  пайдо  карданд, ки  соли  оянда  дар қувваозмоиҳои  лигаи  олии  мамлакат  ширкат  варзанд. Дар  лигаи  якуми  футболи  мамлакат  дастаи  «Истиқлол»  имсол  қаҳрамони  мамлакат  гардид. 

Декабрь 3, 2008 15:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид