СЕМИНАР БАРОИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ МАОРИФ
Қӯрғонтеппа, 5 декабр. (АМИТ «Ховар», Мурод Сотиев).- Дар ноҳияи Данғара барои кормандони шӯъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон семинар баргузор гардид. Муовини сардори раёсати маорифи вилоят Нуралӣ Азизов ба АМИТ «Ховар» хабар дод, ки ба иштирокчиёни семинар дар масъалаҳои роҳбарӣ ба соҳа дастуру маслиҳатҳои нав дода шуд. Дар семинар мудирони шӯъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои вилоят ва роҳбарони кабинетҳои методии мактабҳо ширкат варзиданд. Чунин семинарҳо барои роҳбарони шӯъбаҳои маориф ва омӯзгорони вилоят мунтазам гузаронида мешаванд. Ин ба иваз кардани таҷриба ва омӯзиши усулҳои самарабахши кори омӯзгорони пешқадам кӯмак мерасонад.








КОНСТИТУТСИЯ — БАХТНОМАИ МИЛЛАТ ВА ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат чорабинии сиёсиву фарҳангӣ баргузор гардид
Дар қисми низомии қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ доир гардид
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид






