СЕМИНАР — МАШВАРАТИ СОҲИБКОРОН ДАР СУҒД
Душанбе, 25 декабр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бо ташаббуси Кумитаи андози назди Ҳукумати ҷумҳурӣ дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд бо иштироки соҳибкорони хурду миёна, тоҷирон ва роҳбарони ширкату корхонаҳои андозсупори ҷумҳурӣ семинар — машварат доир гардид. Дар семинар — машварат муовини раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Бахтиёр Султонов иштирок намуд. Аз рӯи баромади ӯ «Оид ба ҳадафҳои андоз ва таъмини саривақтии буҷа аз маблағи пардохти андозсупорандагон» бо соҳибкорон ва роҳбарони ширкату корхонаҳо мубодилаи афкор сурат гирифт. Ба ақидаи Бахтиёр Султонов, дар сурати пардохти саривақтии андоз аз ҷониби андозсупорандагони ҳуқуқӣ ва инфиродӣ касри буҷа таъмин хоҳад шуд. Дар семинар — машварат ба ҳамаи андозсупорандагони вилоят дастур дода шуд, ки дар соли 2009 бо истифода аз ҳама роҳҳои қонунӣ қарзҳоро супоранд.








Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид
Дар ҷамоатҳои деҳоти Ясману Ҳоити ноҳияи Рашт ба ифтихори Рӯзи Конститутсия ҳамоиши идона доир гардид
Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Хуҷанд бошукуҳ таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии Арбитраж дар Чин иштирок намуд
«КОНСТИТУТСИЯ–САРОҒОЗИ НИЗОМИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ–адабӣ гузаронида шуд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Рустами Эмомалӣ аз ҷойҳои таърихию муқаддаси шаҳри бостонии Бухоро боздид намуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагон ҳамоиши идона доир шуд






