ШАҲРВАНДОН 5 РӮЗ БОЗ ТАШНАИ ОБАНД
Душанбе, 11 декабр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Идораи обу корези шаҳри Душанбе додани оби ошомиданиро ҳатто ба хонаҳои аз ин идора дар масофаи 50-100 метр дуртар фаромӯш кардааст. Тибқи иттилои сокинони хонаҳои 4-ошёнаи кӯчаи Шевченко 44, 45, 46, ду рӯз пеш аз Иди Қурбон додани об ба қабати чоруми ин биноҳо қатъ гардидааст. Бо вуҷуди тамосҳои телефонӣ ба Идораи обу корези шаҳр ва муроҷиати даҳонии шаҳрвандон ба ин идора, сабаби қатъ шудани об норавшан монд. Рӯзҳои 9-10-уми декабр додани об ба ошёнаҳои 3-юми ҳамин биноҳо қатъ ёфтааст. Сокинони биноҳои номбурда аз болои Идораи обу корез ба Ҳукумати шаҳри Душанбе шикоят оварданианд, аммо корафтодаҳо мегӯянд: «Даҳони пӯшида ҳазор тилло!».








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






