ШАХСОНИ БА ТАЪЛИМИ ИШОРАВӢ МАШҒУЛ ДАСТГИРӢ НАМЕЁБАНД!

Декабрь 25, 2008 17:18

            Душанбе, 25 декабр. (АМИТ «Ховар», Мавзуна Бойева)-Бино ба гуфтаи мудири кафедраи педагогика ва психологияи Донишгоҳи Давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, профессор Баён Раҳимов, барои таълими бачаҳое, ки нуқсонҳои гуногуни рӯҳӣ, зеҳнӣ ва ҷисмонӣ доранд, факултаи сурдопедагогика ташкил ёфтааст. Дар факултаи сурдопедагогика ду сол боз ҷавонони ношунаво таҳсил мекунанд. Дар таълими сурдопедагогӣ (ишоравӣ) бо сабаби набудани мутахассисони дурусти соҳа мушкилоти зиёд пеш омадааст. Шахсони ба таълими сурдопедагогӣ машғул аз тарафи Академияи илмҳои педагогии ҷумҳурӣ дастгирӣ намеёбанд. Дар назди Пажӯҳишгоҳи илмҳои педагогии ҷумҳурӣ шӯъбаи дефектология амал менамуд, ки ба он номзади илмҳои педагогӣ-сурдопедагог Вероника Изотова роҳбарӣ мекард. Бо сабаби ҳиҷрати ӯ шӯъба баста шуд, вале аз нав ташкил карданаш ба ёди касе нарасид.

Декабрь 25, 2008 17:18

Хабарҳои дигари ин бахш

15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид