ШАРИФ САИД ДАР АНҶУМАНИ ҶАҲОНИИ ПАЛАТАҲОИ САВДО ВА САНОАТ ШИРКАТ МЕВАРЗАД
Душанбе, 22 декабр. ( АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова).- Раиси Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ Шариф Саид дар анҷумани шашуми палатаҳои савдо ва саноати мамлакатҳои ҷаҳон ширкат меварзад, ки тобистони соли 2009 дар Малайзия баргузор хоҳад гашт. Дар анҷумани мазкур бештар аз 1,5 ҳазор роҳбари палатаҳои савдо ва саноати мамлакатҳои гуногун ва мансабдорони баландпояи сад мамлакати ҷаҳон ширкат хоҳанд кард. Иштирокчиёни анҷуман проблемаҳои асосии имрӯзаи соҳаи тиҷоратро муҳокима мекунанд. Маҳфилҳои алоҳидаи он ба масъалаҳои марбут ба бӯҳрони озуқа, об ва энергетика бахшида мешаванд.Тарҷумон — А. Қудратов.








Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






