ШАРОИТ ДОРЕМ, ВАЛЕ САБЗАВОТРО АЗ ХОРИҶИ КИШВАР ВОРИД МЕСОЗЕМ
Душанбе, 17 декабр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Дар Вазорати кишоварзӣ ба мухбири АМИТ «Ховар» иброз доштанд, ки соли ҷорӣ майдони кишти сабзавот дар гармхонаҳо нисбат ба соли 2007 зиёд карда шудааст. Дар ҷумҳурӣ то 15-уми декабри соли 2008 дар майдони 37 гектар ва ё баробари 56 фоизи дурнамо кишти сабзавот (помидор ва бодиринг) гузаронида шудааст. Соли ҷорӣ истифодаи гармхонаҳо барои кишти сабзавот дар вилояти Суғд беҳтар гардид. Деҳқонони хоҷагидор бо вуҷуди кам будани масоҳати замини гармхонаҳояшон, даромади хуб ба даст меоранд ва аз ҳисоби даромадашон сол аз сол масоҳати гармхонаҳоро зиёд мекунанд. Имсол дар вилояти Суғд масоҳати гармхонаҳо ба 17,34 гектар расонида шудааст. Дар вилояти Хатлон масоҳати умумии гармхонаҳо 12,85 гектарро ташкил медиҳад. Ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, ки шароити беҳтари ташкил намудани гармхонаҳоро доранд, аз ин омили даромаднок камтар истифода мебаранд. Дар ин минтақаи ҷумҳурӣ ҳамагӣ дар масоҳати 4,5 гектар гармхона мавҷуд аст, ки он барои қонеъ намудани талаботи аҳолии ноҳияҳои тобеи марказ, бахусус пойтахт басанда нест. Аз ин рӯ, ҳамасола дар арафаи Соли нав тоҷирон сабзавоти тару тозаро ба бозорҳои шаҳри Душанбе аз хориҷи кишвар бо нархи даҳчанд ворид месозанд, ки ин ба манфиати мардум нест.








Вакили Маҷлиси намояндагон бо фаъолони ноҳияи Шамсиддин Шоҳин вохӯрӣ намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 август, чоршанбе, 238-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад






