ШИФОХОНАҲОИ НОҲИЯҲОИ РӮШОН ВА ВАРЗОБ ТАҶҲИЗОНИДА МЕШАВАНД
Душанбе, 24 декабр. (АМИТ «Ховар», Фарангис Раҳимова).- Ҳукумати Швейсария рӯзҳои наздик ба вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон асбобу анҷоми зарурии тиббӣ тӯҳфа хоҳад кард. Асбобу анҷоми тиббӣ дар навбати аввал ба шифохонаҳое дода мешавад, ки дар онҳо бо кӯмаки молиявии Швейсария барномаҳои гуногун амалӣ карда мешавад. Корманди намояндагии Агентии рушд ва ҳамкории Швейсария дар Тоҷикистон Гулноза Ҳасанова зикр кард, ки асбобу анҷоми тиббӣ ба шифохонаҳои ноҳияҳои Рӯшон ва Варзоб дода хоҳад шуд. Г.Ҳасанова зикр кард, ки дар ин бора 16 декабр байни вазорати тандурустии Тоҷикистон, Агентии рушд ва ҳамкории Швейсария, инчунин Хазинаи Оғохон меморандум имзо шуда буд.








КОНСТИТУТСИЯ — БАХТНОМАИ МИЛЛАТ ВА ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат чорабинии сиёсиву фарҳангӣ баргузор гардид
Дар қисми низомии қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ доир гардид
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид






