ШИРИ ХОҶАГИҲОИ АҲОЛӢ КУҶО МЕШАВАД?
Душанбе, 27 декабр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба маълумоти Кумитаи давлатии омор, ҳаҷми истеҳсоли шир дар моҳи январ-ноябри соли 2008 ба 468 ҳазору 325 тонна расонида шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2007 6,9 фоиз зиёд аст. Соли ҷорӣ истеҳсоли шир дар хоҷагиҳои ВМКБ ба 12,9 фоиз, вилояти Хатлон — 12,6 фоиз, вилояти Суғд — 2,8 фоиз, ноҳияи Шаҳринав -16,6%, Нуробод- 9,3 %, Турсунзода-4,8% ва ноҳияи Тоҷикобод- 3 % афзудааст. Шири истеҳсолшуда асосан ба хоҷагиҳои аҳолӣ тааллуқ дорад, ки ҳаҷми умумияш 434 ҳазор тонна аст. Вале нарасидани он ба аҳолии шаҳр ҳоло ҳам эҳсос мешавад. Шири аз хоҷагиҳо ба бозор баровардашуда бо нархи 3 сомонӣ ва аз Корхонаи коркарди шири шаҳри Душанбе бо нархи 7-7,5 сомонӣ ба фурӯш бароварда мешавад.








Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд






