ШИРКАТҲОИ ҲИНДУСТОН ДАР ТОҶИКИСТОН ХАТИ ИНТИҚОЛИ БАРҚ МЕСОЗАНД
Душанбе, 26 декабр. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова). – Ширкатҳои «КЕС интернейшнал» ва «РПГ Трансмишион» — и Ҳиндустон дар озмуни сохтмони хатҳои интиқоли барқи Тоҷикистон аз нерӯгоҳи сохташудаистодаи барқии «Сангтӯда – 1» то сарҳади Афғонистон ғолиб омаданд. Озмуни мазкурро Маркази идораи барномаҳои энергетикӣ ҳамроҳи Бонки рушди Осиё гузаронд. Тибқи барнома, ширкатҳои ҳиндӣ аз маҳалли нерӯгоҳ то маркази шаҳри Пули Хумрии Афғонистон ба масофаи 118 километр хати интиқоли барқ месозанд. Барои сохтмони он 19 миллион доллари ИМА ҷудо карда мешавад. Бояд гуфт, ки Тоҷикистон ба ин хати интиқоли барқ зарурати калон дорад. Зеро баъди ба истифода додани нерӯгоҳҳои барқи обии «Сангтӯда – 1» ва «Сангтӯда – 2» ҳаҷми истеҳсоли қувваи барқ меафзояд ва дар фасли тобистон қувваи барқи зиёдатиро ба мамлакатҳои Осиёи Ҷанубӣ фурӯхтан имконпазир мегардад. Сохтмони хати интиқоли барқ охири моҳи январи соли оянда оғоз меёбад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






