ШОҲРОҲИ ДУШАНБЕ — ХУҶАНД МУВАҚҚАТАН БАСТА ШУД

Декабрь 17, 2008 14:29

                Душанбе, 17 декабр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Бар асари зиёд боридани барф тайи ду рӯзи охир рафтуомади автомобилҳо дар шоҳроҳи Душанбе — Хуҷанд тариқи ағбаи Шаҳристон муваққатан манъ карда шуд.                Ронандаи автомашинаи мусофиркаш Солеҳи Низом дар сӯҳбат бо мухбири АМИТ «Ховар» гуфт, ки ду шабонарӯзи охир дар ағбаи Шаҳристон ва дар қисмати ҷанубии нақби «Истиқлол», ки дар наздикии ин шоҳроҳ воқеанд, ғайричашмдошт барфи зиёд борид ва сабаби қатъ шудани ҳаракати мошинҳою мусофирон аз ҳарду ҷониб гардид.               Ӯ афзуд, ки ронандаҳои мошинҳояшон бандшуда аз 16-уми декабр инҷониб мунтазири кушодашавии роҳанд.                Бино ба иттилои Вазорати нақлиёт ва коммуникатсия, то ҳол маълум нест, ки ин роҳ кай кушода мешавад. Ҳоло дар ҳарду ағба техникаи зарурӣ кор карда истодааст ва роҳҳо аз барф тоза карда мешаванд.

Декабрь 17, 2008 14:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ — AICONF-2026 оғоз гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид