ШУМОРАИ ДОНИШҶӮЁНИ ТОҶИК ДАР МАКТАБҲОИ ОЛИИ ЧИН МЕАФЗОЯД
Душанбе, 10 декабр. АМИТ «Ховар», Наргис Бойахмедова).- Сафири кабири Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин Рашид Олимов бо роҳбарони мактабҳои олии Пекин мулоқот кард, ки дар онҳо донишҷӯёни тоҷик таҳсил мекунанд. Р. Олимов зикр намуд, ки ҳамкорӣ дар соҳаи маориф ҷузъи таркибии муносибатҳои сол то сол вусъатёфтаистодаи Тоҷикистону Чин мебошад. Қайд карда шуд, ки айни ҳол дар мактабҳои олии Чин бештар аз 60 нафар донишҷӯи тоҷик таҳсил мекунад. Мувофиқи паймони бадастомада, шумораи онҳо соли 2009 ду баробар зиёд хоҳад шуд. Донишҷӯёни тоҷик солҳои гузашта танҳо бо мақсади омӯзиши забон ба мактабҳои олии Чин дохил мешуданд, акнун онҳо бо мақсади ба даст овардани ихтисос дар мактабҳои олии Чин таҳсил мекунанд, гуфт сафир. Иштирокчиёни мулоқот ба саволҳои худ ҷавобҳои мушаххасу қаноатбахш гирифта, марбут ба вусъат бахшидани ҳамкорӣ дар соҳаи маориф ва тарбияи кадрҳо барои соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти Тоҷикистон дар мактабҳои олии Чин, ба роҳ мондани ҳамкории мустақими мактабҳои олии ҳар ду мамлакат ва тавсиаи равобити илмӣ пешниҳодҳо ба миён гузоштанд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






