ШВЕЙТСАРИЯ БА МИНТАҚАИ ШЕНГЕН ВОРИД ГАРДИД

Декабрь 12, 2008 10:21

          Берн,  12  декабр.(АМИТ «Ховар» —  Евронюс). –  Швейтсария  аз  имрӯз  сар  карда,  ба  узвияти  минтақаи  Шенген қабул  карда  шуд. Ин  чунин  маъно  дорад, ки  сокинони  мамлакатҳои  аъзои Иттиҳоди  Аврупо  ба  воситаи  сарҳадҳо ва  қаламрави  ин  мамлакат  бе  ягон  мамониат  рафту  омад  карда  метавонанд. Бояд  гуфт, ки  Швейтсария  аъзои  Иттиҳоди  Аврупо  набошад  ҳам,   дар  чаҳорсӯи  марказии  мамлакатҳои  Аврупо  қарор  дорад. Дар  Швейтсария  аз рӯзи  ҷумъа  сар  карда,   назорати  роҳҳои  рафту омади  сарҳади он  бо  мамлакатҳои   Иттиҳоди  Аврупо  қатъ  карда  мешавад. Дар  баробари ин  назорат  ва  тафтиши  гумрук  дар  сарҳад   пурзӯр  карда  хоҳад  шуд. Мухбири  АМИТ «Ховар»  хабар  медиҳад, ки  дар  натиҷа  масоҳати  минтақаи  Шенген  бештар аз  3,5 миллион   метри  мураббаъро  ташкил  медиҳад ва барои   400 миллион  шаҳрванди  мамлакатҳои  аъзои  Иттиҳоди  Аврупо  кушода  мебошад.

Декабрь 12, 2008 10:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад