СИЁСАТИ ПУЛИЮ ҚАРЗИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛИ 2009 БАРРАСӢ ШУД

Декабрь 15, 2008 14:47

Душанбе, 15 декабр. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-15-уми  декабр дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати раиси палатаи поёнии парлумони мамлакат Сайдулло Хайруллоев ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагон баргузор гардид. Дар он лоиҳаи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи карантини растанӣ», Оид ба ворид намудани  тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати  шаҳрвандӣ», «Дар бораи Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи хусусигардонии моликияти давлатӣ», «Дар бораи дурнамои  давлатӣ, консепсияҳо ва барномаҳои  инкишофи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оид ба ворид намудани тағйирот  ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи  авфи шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон бинобар қонунигардонии молу мулк», Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият», «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва лоиҳаи дурнамои самтҳои асосии сиёсати пулию қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2009 баррасӣ гардиданд. Роҷеъ ба масъалҳои зиркгардида раисони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон Акрамшо Фелалиев  ва Маҳбуба Нуриддинова сухан карда,  онҳоро шарҳ доданд.

Декабрь 15, 2008 14:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид