СМЕТАИ ХАРОҶОТИ ФАЪОЛИЯТИ МАҶЛИСИ МИЛЛӢ ТАСДИҚ ШУД

Декабрь 19, 2008 09:40

                  Душанбе, 19 декабр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Дар иҷлосияи 17-уми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 18-уми декабр таҳти раёсати раиси палатаи болоии парлумони мамлакат Маҳмадсаид Убайдуллоев баргузор гардид, беш аз 30 масъалаи муҳими фарогири ҳаёти сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии мамлакат баррасӣ гардиданд.                 Аъзои Маҷлиси миллӣ Қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи қабул ва мавриди амал қарор додани Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи омори давлатӣ», «Дар бораи сарватҳои зеризаминӣ», «Дар бораи берун баровардан ва дохил кардани сарватҳои фарҳангӣ»-ро мавриди баррасӣ қарор доданд.                Раисони кумитаҳои Маҷлиси миллӣ М. Маҳмудов, М. Холиқов, А. Миралиев, М. Толибов ва М. Илолов масъалаҳои баррасишавандаро шарҳ дода, зикр карданд, ки ҳадаф аз қабули қонунҳои мазкур такмили қонунгузории кишвар, татбиқи ислоҳоти судию ҳуқуқӣ, таҳкими адолати судӣ, таъмини ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон дар ҷомеа ва рушди иқтисоди миллӣ мебошад.               Ҳамчунин, дар иҷлосия тибқи қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтор, рӯйхати вазифаҳои Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ ва сметаи хароҷот вобаста ба фаъолияти Маҷлиси миллӣ барои соли 2009 тасдиқ гардид. Ин масъаларо роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси миллӣ Музаффар Ашӯров шарҳ дода гуфт, ки сохтори палатаи болоии парлумони Тоҷикистон аз 8 шӯъба ва 8 котибот иборат буда, сметаи хароҷоти фаъолияти Маҷлиси миллӣ барои соли 2009 беш аз 4 миллион сомониро ташкил медиҳад.

Декабрь 19, 2008 09:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид