СОХМОНИ МАРҲИЛАИ СЕЮМИ РОҲ ТАШВИШОВАР АСТ?

Декабрь 11, 2008 08:26

                          Душанбе, 11 декабр. (АМИТ «Ховар», Мавзуна Бойева).- Аз 18 то 23-юми августи соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе оид ба маблағгузории марҳилаи сеюми Лоиҳаи «Сохтмони роҳи автомобилгарди Шоғун-Зиғар» байни намондагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Миссияи Бонки Исломии Рушд гуфтушунид сурат гирифт. Дар натиҷаи гуфтушунидҳо миёни Вазорати нақлиёт ва коммуникатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони Миссияи Бонки Исломии Рушд Ёддошти тафоҳум оид ба сохтмони марҳилаи сеюми роҳ омода гардида, то ҳол дар сатҳи имзо шудан қарор дорад, ки ин албатта ташвишовар аст.Мувофиқи натиҷаи гуфтушунид ва Ёддошти тафоҳум, бояд раванди тайёр кардани Созишномаи қарзии марҳилаи сеюм то аввалҳои моҳи декабри соли ҷорӣ ба охир расонида шавад.Бояд зикр намуд, ки Созишномаи қарзӣ бояд 12-уми декабри соли 2008 ба имзо мерасид, аммо бо пешниҳоди Бонки Исломии Рушд санаи имзои он ба охири моҳи январи соли 2009 гузошта шуд.

Декабрь 11, 2008 08:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд