СОХТМОНИ БИНОИ ИЛОВАГӢ ДАР ИБОДАТХОНАИ ПРАВОСЛАВИИ ШАҲРИ ҚӮРҒОНТЕППА

Декабрь 22, 2008 16:54

                   Қӯрғонттеппа, 22 декабр. ( АМИТ «Ховар», Мурод Сотиев).- Дар қисмати ҷанубии ибодатхонаи православии шаҳри Қӯрғонтеппа сохтмони бинои иловагӣ шурӯъ шуд. Тибқи нақша, сохтмони он дар давоми ду сол анҷом дода мешавад. Корманди ибодатхона, имом Николай Голуб зикр кард, ки бинои ибодатхона солҳои 20- уми асри гузашта сохта шудааст ва дар ҳолати фарсудагӣ қарор дорад. Айни ҳол танҳо аз се ду қисми бино боқӣ мондааст. Қайд карда шуд, ки қариб ду ҳазор пайравони мазҳаби православӣ дар ҳамин ҷо ибодат мекунанд. Бинои нави он аз ҳисоби маблағи хайрияи пайравони дин сохта мешавад.

Декабрь 22, 2008 16:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад