СОКИНИ НОҲИЯИ БОБОҶОН ҒАФУРОВ ҲАМРОҲАШРО КОРД ЗАД

Декабрь 12, 2008 10:47

Душанбе, 12 декабр. (АМИТ «Ховар», Анварбек Сиддиқов).- 10-уми декабри соли ҷорӣ сокини ҷамоати Ёваи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Бобоҷон Пулотов (соли таваллудаш 1968) ҳангоми дар як маърака нишастан аз сабаби бисёр истеъмол кардани нӯшокии спиртӣ дар ҳолати мадҳушӣ афтод. Сокини ҳамин ҷамоат Эҳсон Бобоҷонов (соли таввалудаш 1983) хост ӯро ба хонаи истиқоматиаш барад. Ҳангоми гусели номбурда, дар роҳ миёни онҳо муноқиша сар мешавад ва  Бобоҷон Пулотов ба шиками Эҳсон Бобоҷонов бо корд мезанад. Номбурда ҷароҳат бардошта, ба беморхона бурда мешавад. Тавре аз маркази матбуоти ВКД-и ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, аз ҷониби кормандони шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи мазкур нисбати ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз шуда, тафтишот идома дорад.  

Декабрь 12, 2008 10:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид