СОКИНИ ШАҲРИ ВАҲДАТ СОҲИБИ ГРАН-ПРӢ ШУД!

Декабрь 30, 2008 14:43

         Душанбе, 30 декабр. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров).- Дар шаҳри Душанбе  озмуни  овозхонони ҷавони ҷумҳурӣ таҳти унвони «Ориён,  Сомониён, Тоҷикистон — 2008» ба анҷом расид. Дар ин озмун истиқоматкунандаи шаҳри Ваҳдат Чамангул Фатҳуллоева барандаи ҷоизаи  Гран-Прӣ шуд. Гран-Приро ба ғолиб раиси Кумитаи  кор бо ҷавонон, варзиш ва  сайёҳии  назди Ҳукумати ҶТ Маликшо Неъматов супорид.        Аз Кумитаи  кор бо ҷавонон, варзиш ва  сайёҳии  назди Ҳукумати ҷумҳурӣ хабар доданд, ки ғолибон аз рӯи суруди беҳтарини дар мавзӯҳои ватанпарастӣ, мавӯҳои озод, бахшҳои иштирокчии ҷавонтарини озмун, таваҷҷӯҳи тамошобинон ва суруди инъикоскунандаи ҳаёти ҷавонон муайян шуданд.       Дар озмун инҳо ғолиб дониста шуданд: Қурбон Иброҳимов (ш.Душанбе), Муқаддас Элчибеков (ВМКБ), Абдухолиқ Қурбонов (ш.Кӯлоб), Сарфарози Асламбекзода-ҷавонтарин иштирочии озмун (н. Ҷиргатол), Акмали Абдуалим-таваҷҷӯҳи тамошобинон (н.Варзоб), Сайёди Субҳон (н.Ҳисор)- беҳтарин суруди ватанпарастӣ, Парвиз Раҷабов ва Маҳмадалӣ Пирхонов (ш.Қӯрғонтеппа)-суруди иникоскунандаи ҳайёти ҷавонон.       Ғолибон ва ҷоизадорони озмун бо дипломӯ  ва тӯҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.

Декабрь 30, 2008 14:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад