СОЗИШНОМА МУВОФИҚА КАРДА ШУД
Душанбе, 11 декабр. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова). — Гурӯҳҳои коршиносони мамлакатҳои ИДМ 10 декабр дар шаҳри Минск лоиҳаи созишномаро дар бораи мубодилаи маълумот ва дастраси ҳамдигар гардонидани он дар соҳаи мубориза ба муқобили ҷинояткорӣ мувофиқа намуданд. Ба ақидаи мутахассисон, бо қабули ин ҳуҷҷат самараи фаъолияти мақомоти корҳои дохилии мамлакатҳои ИДМ дар масъалаи ҷустуҷӯ ва фош намудани ҷинояткорон чандин баробар меафзояд. Дар созишнома гуфта мешавад, ки мақомоти салоҳиятдори давлатҳои ИДМ бо мақсади пешгирӣ, фош кардан ва тафтиши ҷиноятҳо бо дархости мақомоти салоҳиятдор ба таври ройгон маълумоти зарурӣ медиҳанд. Илова бар ин маълумоти илмию техникӣ, иттилоотию таҳлилӣ ва ҳуҷҷатҳои меъёрии марбут ба мубориза ба муқобили ҷинояткорӣ дастраси мақомоти дахлдори мамлакатҳои Иттиҳод гардонда хоҳад шуд.








15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






