СОЗИШНОМАИ ДӮСТИЮ ҲАМКОРИИ ҶТ ВА ТУРКМАНИСТОН БА ТАСВИБ РАСОНДА ШУД
Душанбе, 26 декабр. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова). — Дар шаҳри Ашқобод маросими имзо ва мубодилаи эътимодномаҳо дар бораи тасвиби Созишномаи дӯстӣ ва ҳамкории Тоҷикистон ва Туркманистон баргузор гардид. Протоколро дар ин мавзӯъ вазири корҳои хориҷии Туркманистон Рашид Миридов ва сафири кабири Тоҷикистон дар Туркманистон Қозидавлат Қоимдодов имзо карданд. Аз вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки Тоҷикистону Туркманистон муносибатҳо ва ҳамкории дуҷонибаро минбаъд ҳам дар асоси принсипҳои эҳтироми ҳамдигар ва шарокати баробарҳуқуқ идома хоҳанд дод.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






