СОЗМОНҲОИ ҶАМЪИЯТӢ ҲУҚУҚИ ЗАНОНРО ҲИМОЯ МЕКУНАНД
Душанбе, 10 декабр. АМИТ «Ховар», Мавлуда Юнусова).- 20 нафар намояндаи созмонҳои гуногуни ҷамъиятии шаҳрҳои Душанбе ва Қӯрғонтеппа мувофиқи барномаи Созмони ҷамъиятии «Маркази маърифати гендерӣ» роҳу усулҳои ҳимояи ҳуқуқи занонро ба моликият зимни мурофиаҳои судӣ омӯхтанд. Роҳбари маркази мазкур София Қосимова зимни сӯҳбат бо мухбири АМИТ «Ховар» дар бораи ҳадафу вазифаҳои барнома сухан ронда, изҳор намуд, ки мақсади асосии он ҳимояи ҳуқуқи занон ба моликият бо роҳи таъсиси хадамоти воҳиди иттилоотию машваратӣ дар мавриди баррасии парвандаҳои марбут ба масъалаҳои никоҳ ва оила дар судҳо мебошад. Мувофиқи барнома, намояндагони созмонҳои ҷамъиятӣ бояд ба занон кӯмаки ройгони иттилоотию ҳуқуқӣ расонанд. Чунин кӯмак дар марказҳои хуқуқи занони шаҳрҳои Душанбею Қӯрғонтеппа ва ноҳияҳои Вахшу Бохтар, Ваҳдату Варзоб ва Рӯдакӣ расонда мешаванд. Кормандони созмонҳои ҷамъиятӣ ва ёрдамчиёни онҳо роҳу усулҳои расондани кӯмаки ҳуқуқӣ ба занонро дар ҷараёни машғулиятҳо ва машқҳои таълимӣ омӯхтанд.








Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






