СЎҲБАТИ ТЕЛЕФОНИИ Э. РАҲМОН БО Қ. РАСУЛЗОДА ВА Ғ. АВЗАЛ

Декабрь 11, 2008 17:44

      Нимаи дуюми рўз ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон оид ба вазъи корҳо дар соҳаи кишоварзӣ ва ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар соли 2008 Раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода ва Раиси вилояти Хатлон Ғайбулло Авзал телефонӣ гузориш доданд.         Таваҷҷўҳи махсус ба суръатбахшии кишти тирамоҳӣ ва омодагӣ ба кишти баҳорӣ, истифодаи пурмаҳсул аз гармхонаҳо барои парвариши сабзавот дар зимистон, вусъат додани кишти картошкаи барвақтӣ ва сабзавоти зери пленка зоҳир гардид.         Аз ҷумла зикр гардид, ки дар вилояти Суғд дар майдони 60215 гектар баробар ба 87,4 дар сади нақша ва дар вилояти Хатлон дар 98752 гектар баробар ба 88 дар сади нақша зироатҳои ғалладонаи тирамоҳӣ кишт карда шудааст.           Сабзавоти барвақтӣ бошад, дар вилояти Суғд дар майдони 544 гектар ва дар вилояти Хатлон дар 1871 гектар кишт шудааст, ки ин мутаносибан ба 68 ва 50,6 дар сади нақша баробар аст.          Кишти барвақтии помидору бодиринг дар гармхонаҳо дар вилояти Суғд 17,34 гектар ва дар вилояти Хатлон 10,85 гектарро ташкил додааст, ки ин мутаносибан ба 78 ва 48 дар сади нақша баробар аст.           Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин аз вазъи омодагӣ ба зимистонгузаронӣ пурсон шуда, оид ба таъмини шароити зарурӣ дар муассисаҳои маорифу тандурустӣ супоришҳои қатъӣ дод.          Раисони ҳарду вилоят ва роҳбарони шаҳру ноҳияҳои онҳо вазифадор гаштанд, ки натиҷаҳои фаъолияти хоҷагии халқро дар соли 2008 мавриди таҳлилу баррасии  дақиқ қарор дода, баҳри банақшагирии корҳои зарурӣ ва бартараф намудани камбудиҳои мавҷуда чораҳои зарурӣ андешанд. «Таъмини деҳқонон бо сўзишворию нуриҳои минералӣ ва кушодани мағозаҳои фурўши тухмии хушсифат бояд пайваста дар мадди назари масъулин қарор дошта бошад», — таъкид намуд Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон.  

Декабрь 11, 2008 17:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад