СЎҲБАТИ ТЕЛЕФОНИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО Қ. РАСУЛЗОДА ВА Ғ. АВЗАЛ
11 декабри соли 2008 ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон оид ба вазъи корҳо дар соҳаи кишоварзӣ ва ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар соли 2008 Раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода ва Раиси вилояти Хатлон Ғайбулло Авзал телефонӣ гузориш доданд. Таваҷҷўҳи махсус ба суръатбахшии кишти тирамоҳӣ ва омодагӣ ба кишти баҳорӣ, истифодаи пурмаҳсул аз гармхонаҳо барои парвариши сабзавот дар зимистон, вусъат додани кишти картошкаи барвақтӣ ва сабзавоти зери пленка зоҳир гардид. Аз ҷумла зикр гардид, ки дар вилояти Суғд дар майдони 60215 гектар баробар ба 87,4 дар сади нақша ва дар вилояти Хатлон дар 98752 гектар баробар ба 88 дар сади нақша зироатҳои ғалладонаи тирамоҳӣ кишт карда шудааст. Сабзавоти барвақтӣ бошад, дар вилояти Суғд дар майдони 544 гектар ва дар вилояти Хатлон дар 1871 гектар кишт шудааст, ки ин мутаносибан ба 68 ва 50,6 дар сади нақша баробар аст. Кишти барвақтии помидору бодиринг дар гармхонаҳо дар вилояти Суғд 17,34 гектар ва дар вилояти Хатлон 10,85 гектарро ташкил додааст, ки ин мутаносибан ба 78 ва 48 дар сади нақша баробар аст. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин аз вазъи омодагӣ ба зимистонгузаронӣ пурсон шуда, оид ба таъмини шароити зарурӣ дар муассисаҳои маорифу тандурустӣ супоришҳои қатъӣ дод. Раисони ҳарду вилоят ва роҳбарони шаҳру ноҳияҳои онҳо вазифадор гаштанд, ки натиҷаҳои фаъолияти хоҷагии халқро дар соли 2008 мавриди таҳлилу баррасии дақиқ қарор дода, баҳри банақшагирии корҳои зарурӣ ва бартараф намудани камбудиҳои мавҷуда чораҳои зарурӣ андешанд. «Таъмини деҳқонон бо сўзишворию нуриҳои минералӣ ва кушодани мағозаҳои фурўши тухмии хушсифат бояд пайваста дар мадди назари масъулин қарор дошта бошад», — таъкид намуд Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






