ТАҶЛИЛИ 50 — СОЛАГИИ ИМОМАТИ ОҒОХОНИ IV
Маскав, 23 декабр. (АМИТ «Ховар», Ҳалима Хушқадамова).- Бо ташаббуси созмони ҷамъиятии тоҷикон дар Маскав — «Нур» бахшида ба анҷоми соли 50 — солагии имомати валиаҳд Карим Оғохони 1У ҷамъомади ботантана баргузор гардид. Дар он қариб 800 нафар намояндагони Тоҷикистон ширкат варзиданд. Дар ҷараёни ҷамъомад дар бораи сафарҳои Оғохони 1У дар давоми соли равон ба бисёр мамлакатҳо, аз ҷумла Тоҷикистон, Канада, ИМА, Британия, Мали, Ҳиндустон, Сингапур, Париж ва ғайра филми мустанад намоиш дода шуд. Дар доираи таҷлили солгарди имомати Карим Оғохони 1У байни дастаҳои шаҳрҳои Маскав ва Новокузнетск мусобиқаҳои варзишӣ гузаронида бо иштироки овозхонони ҷавони тоҷик консерт намоиш дода ва намоишгоҳи либоси навбаромади ҷавонон ташкил карда шуд. Намояндагони Бунёди Оғохон дар Русия ба иштирокчиёни ҷамъомад дар бораи барномаҳояшон дар соҳаҳои маориф, таълим ва тадқиқоти илмӣ нақл карданд. Дар фарҷоми ҷамъмад барои иштирокчиёни он дастурхони идона ороста шуд.








Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид






