ТАҶЛИЛИ РӮЗИ БАЙНАЛХАЛҚИИ МУҲОҶИРАТ

Декабрь 18, 2008 11:38

                    Душанбе, 17 декабр. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова). — Имрӯз дар саросари ҷаҳон Рӯзи байналхалқии муҳоҷират таҷлил карда мешавад. Директори генералии Созмони байналмилалии меҳнат Хуан Сомавия ба ин муносибат изҳорот дарҷ намуд. Дар он зикр карда мешавад, ки саҳми коргарони муҳоҷир дар пешрафти хоҷагиҳои шахсӣ ва рушди иқтисодиёти мамлакатҳояшон хеле бузург аст, вале меҳнати онҳо дар аксари мавридҳо қадр карда намешавад. Дар изҳорот омадааст, ки бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ ва иқтисодӣ ба коргарони муҳоҷир дар саросари ҷаҳон таъсири калони манфӣ мерасонад. Таҷриба нишон медиҳад, ки бар асари бӯҳрони мазкур ҳамаи коргарони муҳоҷир ва хусусан занон зарари бештар мебинанд.                     Зарари ин бӯҳрон ба коргарони муҳоҷир дар оянда бештар хоҳад гашт. Имрӯз дар бораи аз кор озод кардани теъдоди зиёди коргарони муҳоҷир, душвор гардидани шароити кори онҳо, кам кардани музди кор ва аз қаламрави мамлакатҳои қабулкунанда рондани теъдоди зиёди коргарони муҳоҷир хабарҳо мерасанд.Проблемаи дигар коҳиши интиқоли музди кори коргарони муҳоҷир ба ватанашон мебошад. Мо барои ҳалли ин проблемаҳо бояд нақшаҳои умумии стратегии адолатро амалӣ созем, ки дар Эъломияи адолати иҷтимоии соли 2008 қабулнамудаи Созмони байналхалқии меҳнат ифода ёфтаанд. Яке аз самтҳои муҳим дар ин бобат муҳайё сохтани шароити мусоиди меҳнат барои муҳоҷирон дар мамлакати худашон мебошад. Дар ин маврид муҳоҷират барои онҳо зарур нахоҳад шуд.                  Созмони ҷаҳонии меҳнат имрӯз ҳам изҳор менамояд, ки бо ҳамаи муассисаҳои СММ ҳамкорӣ карда, барои таъмини меҳнати арзандаи коргарони муҳоҷири тамоми ҷаҳон — ҳам мардон ва ҳам занон тадбирҳои самарабахш хоҳад андешид.                                                                                                                                           Тарҷумон — Қудратов А. 

Декабрь 18, 2008 11:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид