ТАҶЛИЛИ РӮЗИ БАЙНАЛХАЛҚИИ МУБОРИЗА БА МУҚОБИЛИ РИШВАХӮРӢ
Душанбе, 9 декабр. (АМИТ «Ховар», Фарангис Раҳимова).- Баъди чошти имрӯз дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза ба муқобили ришвахӯрӣ ҷумҳурӣ ҳамроҳи Муассисаи рушди СММ бахшида ба Рӯзи байналмилалии мубориза ба муқобили ришвахӯрӣ нишасти матбуотӣ баргузор гардид. Дар он директори агентӣ Шерхон Салимзода ва директори Муасссисаи рушди СММ Растислав Врбенски сухан карда, дар бораи корҳои ба сомонрасида ва тадбирҳои мубориза ба муқобили ришвахӯрӣ дар мамлакат ва минтақа маълумот доданд. Ҳукумати Тоҷикистон муоҳидаи СММ- ро дар бораи мубориза ба муқобили ришвахӯрӣ моҳи январи соли 2008 ба тасвиб расонд. Ин иқдом ҷидду ҷаҳди роҳбарияти мамлакат ва омодагии ӯро барои тақвияти мубориза ба муқобили ришвахӯрӣ нишон медиҳад. Тавре хабар дода шуда буд, Маҷмаи кулли СММ 9 декабри соли 2003 дар бораи таҷлили Рӯзи байналмилалии мубориза ба муқобили ришвахӯрӣ қарор қабул намуд. Ҳадафи он ҷалби мамлакатҳои ҷаҳон ба хавфи калони ришвахӯрӣ дар ҷомеа ва бештар огоҳ сохтани онҳо аз оқибатҳои ин зуҳуроти номатлуб мебошад.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






