ТАҶЛИЛИ РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲУҚУҚИ БАШАР
Душанбе, 9 декабр. (АМИТ «Ховар», Фарангис Раҳимова).- Пагоҳ, 10 декабр 60 — солагии қабули Эъломияи умумии ҳуқуқи башар таҷлил карда мешавад. Эъломияи мазкур ҳуҷҷати нахустини расмии байналхалқӣ буда, дар он гуфта мешавад, ки тамоми одамон аз рӯзи таваллуд сар карда, тамоми умр ҳуқуқу озодиҳои баробар доранд. Аҳамияти ин ҳуҷҷат имрӯз ҳам аз байн нарафтааст. 10 декабр дар пойтахти мамлакат бахшида ба рӯзи байналмилалии ҳуқуқи башар ва кабули Эъломияи умумии ҳуқуқи башар конфронс баргузор мегардад. Аз намояндагии Муассисаи рушди СММ дар Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки дар конфронс бештар аз 80 нафар иштирок хоҳад кард. Онҳо намояндагони Маҷлиси олӣ, вазорату идораҳо ва аҳли ҷомеа мебошанд. Дар конфронс фаъолияти мақомоти дахлдори Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқи инсон таҳлил намуда, нақшаҳо ва тавсияҳои созмонҳои минтақавию байналхалқӣ дар ин соҳа баррасӣ карда мешаванд. Инчунин ба масъалаи таъсиси Пажӯҳишгоҳи миллии намояндаи ваколатдори бахшида ба масъалаҳои ҳуқуқи инсон, таъмини адолати судӣ, ислоҳоти фаъолияти судҳо ва ҷараёни амалӣ сохтани ӯҳдадорриҳои байналхалқии Тоҷикистон дар соҳаи ҳуқуқи инсон дахл карда хоҳад шуд.








Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид






