ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ЁРДАМЧИЁНИ ИХТИЁРИИ ҶАМЪИЯТИ ҲИЛОЛИ АҲМАР

Декабрь 5, 2008 11:06

Душанбе 5 декабр. (АМИТ «Ховар», Фарангис Раҳимова).- Имрӯз дар саросари мамлакат Рӯзи ҷаҳонии ёрдамчиёни ихтиёрии  ҷамъиятҳои  Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар таҷлил карда мешаванд. Ба ин муносибат дар шаҳри Душанбе ва  шаҳру ноҳияҳои  мамлакат  ҷамъомадҳои идона баргузор мегарданд. Директори генералии Ҷамъияти  Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон Зафар Муҳаббатов ба мухбири АМИТ «Ховар» гуфт, ки  ёрдамчиёни ихтиёрӣ дар пешрафти фаъолияти ҷамъият нақши муҳим мегузоранд. Қариб тамоми масъалаҳои фаъолияти ҷамъият ба  иштироки  ёрдамчиёни ихтиёрӣ вобаста мебошад. Ба қавли  ҳамоҳангсози барномаи кор бо ҷавонон ва  ихтиёриёни ҷамъият  Улуғбек Салимбекзода  имрӯз  Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон бештар аз 8 ҳазор нафар ёрдамчиёни ихтиёрӣ дорад. Онҳо дар  иҷрои тамоми барномаҳои  ҷамъият ширкат меварзанд. Ихтиёриён аз ҷумла барои бартараф сохтани оқибати  фалокатҳои табиӣ, ташвиқу тарғиби ҳуқуқи байналмилалии гуманитарӣ, расонидани кӯмак ба маъюбону  пиронсолон ва ғайра истифода бурда мешаванд. Умуман  ҷунбиши байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар мувофиқи принсипҳои ихтиёрӣ ба роҳ монда шудааст.

Декабрь 5, 2008 11:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид