ТАЙЁРӢ БА СОЛИ БУЗУРГДОШТИ ИМОМИ АЪЗАМ
Хуҷанд, 23 декабр. (АМИТ «Ховар», Санавбар Мақсудова). – Раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода 22 декабр зимни машварат бо намояндагони зиёиён ва аҳли дин масъалаи тайёрии вилоятро ба Соли ёдбуди Имоми Аъзам мавриди баррасӣ қарор дод. Қ.Расулзода дар бораи нақш ва аҳамияти таълимоти Имоми Аъзам дар ҳаёти мусулмонон сухан ронд. Тавре ки маълум аст, дар Тоҷикистон соли 2009 соли бузургдошти хотираи Имоми Аъзам эълон шудааст. Иштирокчиёни мулоқот нақшаи тадбирҳоро дар ин масъала мавриди муҳокима қарор доданд. Қарор дода шуд, ки бо ин мақсад мулоқоту сӯҳбатҳо, нишастҳои матбуотӣ ва шабнишиниҳо ташкил намуда, дар бораи Имоми Аъзам бо ҳуруфоти кириллӣ китоб чоп карда, яке аз асарҳои он ба забони тоҷикӣ тарҷума намуда, бунёди махсуси «Абӯҳанифа» ташкил карда шавад. Ғайр аз ин дар шабакаи интернет бахшида ба Имоми Аъзам саҳифаи махсуси илмию фарҳангӣ кушода хоҳад шуд.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






