ТАЙЁРИИ ҲУНАРПЕШАГОН БА ИДИ СОЛИ НАВ

Декабрь 12, 2008 12:10

        Душанбе,  12  декабр.(АМИТ «Ховар», Таҳмина  Ғоибназарова). –  Имрӯзҳо  тамоми  театрҳои  мамлакат   ба  истиқболи  Иди Соли  нав  барномаҳои   ҷолиби  диққат  таҳия  месозанд. Аксарияти   ин  барномаҳо  барои  тамошобинони  хурдсол  пешбинӣ  шудаанд. Вале  дар  Театри  давлатии  ҷавонони  ба  номи  Маҳмудҷон  Воҳидов  барои   калонсолон  барномаи  идонаи  «Шаби  ҳаҷв»  тайёр  карда   мешавад. Барномаи  мазкур  8 саҳначаи ҳаҷвиро  бахшида ба  воқеаҳои  муқаррарии  марбут  ба  ҳаёти  коргарони муҳоҷирони тоҷик  дар  мамлакатҳои  дигар,  муносибати келину  хушдоман,  ҳамкорон ва    ғайраро дар  бар  мегирад. Муаллиф  ва  коргардони   барнома  Шодӣ  Солеҳов  зимни  сӯҳбат  бо  мухбири  АМИТ «Ховар»  изҳор  намуд, ки  бо  намоиши саҳначаҳои  мазкур  ҳусну  қубҳи  рафтору  ақлоқи  одамонро   танқиду  масхара   карданӣ  нест. Мо  воқеаҳои  гуногуни  ҳаёти  одамонро  пешкаши  тамошобинон  мегардонем. Бигзор  онҳо  дар  бораи  ҳусну  қубҳи  рӯзгори  худ  хулосаи  зарурӣ  бароранд, гуфт  Ш. Солеҳов. Ҳунарпешагони театр  тамошобинони  хурдсолро  низ  фаромӯш  накардаанд.  Рӯзҳои  Иди  Соли  нав  барои онҳо  асари  саҳнавии  «Харгӯшаки мағрур»  намоиш  дода  мешавад.

Декабрь 12, 2008 12:10

Хабарҳои дигари ин бахш

15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид