ТАЛАБАГОНИ ТОҶИК – ҒОЛИБОНИ ОЛИМПИАДАИ ҒОИБОНАИ ИНТЕРНЕТӢ

Декабрь 10, 2008 09:58

        Душанбе, 10   декабр. (АМИТ «Ховар», Людмила  Дубинина). –  Талабагони  Гимназия – интернати муштараки  Тоҷикистону  Русия  Хусрав  Ёров  ва  Шоҳин  Саъдуллоев  аз  ҷумлаи  20  нафар  иштирокчиёни  беҳтарини  олимпиадаи  ғоибонаи  интернетии  математикҳои ҷавон  гардида,  сазовори  диплом  дониста  шуданд. Олимпиадаи  мазкур  аз 15  июл  то  15  сентябри соли равон баргузор  гардид ва  дар  он бештар аз 500 нафар  талабагону  донишҷӯён  ва одамони   касбу  кори  гуногун  ширкат  варзиданд. Онҳо  мисолу  масъалаҳои  мураккабтарини  математикиро  ҳал  намуда,  ба  ҳайати  доварон  пешниҳод  карданд.  Доварон  вазифаҳои  иҷрошударо  дар  давоми  2  моҳ  тафтиш  карда,  ғолибонро  муайян  карданд. Ташкилкунандагони  олимпиада —  Бунёди  «Династия» ва  Маркази  омӯзиши  муттасили  математикаи   Маскав  мебошанд. Ҳайати  доварон ба  мисолу  масъалаҳои  ҳал  намудаи   талабагони тоҷик  низ  баҳои  баланд  дод. Муаллими  математикаи  гимназия – интернат  Абдувалӣ  Давлатов  ба  мухбири  АМИТ «Ховар»  гуфт, ки  ба  ғолибони олимпиада  баробари  дипломҳо  чанд  нусха  китоби  математика  низ  тӯҳфа  карда  шуд. Акнун  чунин  олимпиадаҳои  ғоибона  на танҳо  аз  фанни   математика, балки  аз  фанҳои  физика  ва химия  низ  ҳар  сол  гузаронида  мешаванд. Талабагони  гимназияи  мо ба  олимпиадаҳои оянда  ҳамаҷониба тайёрӣ  мебинанд, гуфт А. Давлатов.

Декабрь 10, 2008 09:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд