ТАНҲО ДУ ХОҶАГӢ АЗ ӮХДАИ ИҶРОИ НАҚША БАРОМАДАНД
Душанбе, 26 декабр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба гуфтаи сардори хоҷагии хурди деҳқонии ба номи Карим Исмоилови ноҳияи Ваҳдат Маҳмадназар Шарифов, дар соли ҷорӣ аз 22 гектар замини ба иҷора гирифтааш дар 10 гектари он чигити пахтаи навъи «Кармен» кишт кардааст. Нақшаи чиниши пахта дар моҳи октябр пурраю барзиёд иҷро гардид. Дар соли 2008 дар ноҳия танҳо 2 хоҷагӣ; хоҷагии деҳқонии «Тиллои сафед» ва хоҷагии хурди деҳқонии Карим Исмоилов аз ӯҳдаи иҷрои нақша баромада тавонистанду халос. Бояд зикр намуд, хи хоҷагии хурди Карим Исмоилов аз ҳар гектар 40-сентнерӣ ҳосил ба даст овардааст.








Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






