ТАШВИШИ ПРОКУРОРИ ГЕНЕРАЛӢ АЗ НОЗИРОТИ АНДОЗ

Декабрь 18, 2008 14:43

               Душанбе, 18 декабр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Прокурори генералӣ Бобоҷон Бобохонов дар рӯзи ҷашни мақомоти прокуратура аз кори нозироти андози чанд шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ изҳори нигаронӣ намуд.                Бино ба гуфтаи Бобоҷон Бобохонов, сардори нозироти андози ноҳияи Ҳисор Х.Р. Розиқов бо сӯистифода аз ваколатҳои мансабии худ бо маслиҳати пешакӣ бо зертобеонаш, бо роҳи сохтакорӣ 400530,95 сомонӣ маблағи аз ҳисоби андозҳо воридшударо на ба буҷаи давлат, балки ба ҷайби худ задааст.               Прокурори генералӣ чунин қонуншиканиҳоро дар миёни кормандони нозироти андози вилоятҳои Суғду Хатлон низ боиси нигаронӣ донист.

Декабрь 18, 2008 14:43

Хабарҳои дигари ин бахш

15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид