ТЕЪДОДИ ҚУРБОНИЁНИ БЕМОРӢ МЕАФЗОЯД
Ҳарора, 18 декабр. (АМИТ «Ховар» — Газета Ру.). — Дар Зимбабве, ки онро муддати тӯлонӣ бӯҳрони шадиду давомдори сиёсӣ ва иқтисодӣ фаро гирифтааст, бемории вабо торафт бештар паҳн мегардад. Бар асари ин беморӣ аз моҳи август то имрӯз 1111 нафар вафот кард. Дар саросари мамлакат 20 ҳазору 581 шахси бемор ба қайд гирифта шудааст. Бо вуҷуди ин, ҳукумати мамлакат таҳти роҳбарии президент Роберт Муғоба паҳншавии вабо ва ҳалокати одамонро рад менамояд. Р.Муғоба Британияи Кабирро сабаби асосии бадбахтиҳои мамлакаташ мешуморад, ки солҳои тӯлонӣ мустамликаи он буд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






