«ТОҶИКАГРОЛИЗИНГ» БА ДЕҲҚОНОНИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН КӮМАК МЕРАСОНАД

Декабрь 2, 2008 10:32

             Қӯрғонтеппа, 2  декабр. АМИТ «Ховар»,  Мурод  Сотиев). – Соҳаи  кишоварзии  вилояти  Хатлон имрӯз   ба  4  ҳазор  трактор барои анҷом  додани  кори  байни  қаторҳо, 3  ҳазор  трактори  шудгоркунанда,  185 комбайни ғалладарав  ва теъдоди  зиёди  навъҳои  дигари техника   ниёзманд  аст. Хоҷагиҳои   деҳқонии  вилоят  имкон  доранд, ки   тамоми  техникаи  заруриро  ба  воситаи  Корхонаи  воҳиди  давлатии «Тоҷикагролизинг»  дастрас  намоянд.  Онҳо  бояд  барои ин  ариза  пешниҳод  кунанд. Мутахассисони  корхона  баъди  баррасии  аризаҳо  дар  бораи  додани техника  ба  хоҷагиҳои  кишоварзӣ  қарор  қабул  мекунанд. Хоҷагиҳои  деҳқонӣ  дар  ин  маврид бояд 30  фоизи  арзиши  техникаро  пешакӣ  супоранд. Қисми  боқимондаи  арзиши он  дар  давоми  се  сол  пардохта  мешавад. Баъдан  хоҷагиҳо  дар  бораи  хариди  техника  бо корхонаи  мазкур  қарордод  имзо  мекунанд. Ба  ақидаи  мутахассисон,  чунин  усули кор ҷараёни  хариди  техникаро  хеле  осонтар  мегардонад. 

Декабрь 2, 2008 10:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд