ТОҶИКИ ВАҲШИЁНА КУШТАШУДАРО БА ВАТАН ОВАРДАНД

Декабрь 17, 2008 12:51

         Душанбе,  17  декабр. (АМИТ «Ховар», Анварбек Сиддиқов).- Субҳи имрӯз тобути шаҳрванди Тоҷикистон Салоҳиддин Азизов, ки дар шаҳри Москва бераҳмона ба қатл расонида шуда буд, тавассути сайрхати ҳавоии рақами 628 — Маскав — Душанбе ба Тоҷикистон оварда шуд. Ёдовар мешавем, ки мардикори 20-солаи тоҷик Салоҳиддин  Азизов  6-уми  декабр  дар  ҷангалзори  наздикии деҳаи  Жабкинои  ноҳияи  Ленини  вилояти  Маскав  аз тарафи  шахсони  номаълум ваҳшиёна ба қатл расонида шуда буд.         Куштори шаҳрванди тоҷик С.Азизовро  яке  аз  созмонҳои то  ҳол  номаълуми  ифротгарои «Созмони ҷангии миллатгароёни рус» ба зимма гирифтааст. Дар ин бора варақае шаҳодат медиҳад, ки баъди  содир намудани ҷинояти мазкур ба чанд созмони муҳофизи қонун фиристода шуд. Дар варақа ба унвони мансабдорони давлатию ҳукуматии Русия таҳдид карда мешавад. Аз ҷумла, гуфта мешавад, ки агар мансабдорон боз ҳам бештар ба омадани коргарони муҳоҷир ба Русия мусоидат кунанд, сари худи онҳо аз тан ҷудо карда хоҳад шуд. «Созмони ҷангии миллатгароёни рус» ин кушторро рамзи муборизаи худ алайҳи ишғоли Русия аз сӯи мардуми ғайр маънидод кардаанд. Воқеаи куштори ваҳшиёнаи шаҳрванди тоҷикро дар вилояти Москва шарҳ  дода,  зикр  намудаанд, ки маъмурияти онҳо шаҳрвандони худро дар мавриди ҳадафи ҳуҷум ва муносибатҳои  бераҳмона қарор гирифтанашон ҳамеша ҳифз мекард ва мекунад.  Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон  вобаста ба ин   амали ҷинояткорона ба намояндаи муваққатии ваколатдори  Федератсияи Русия дар Тоҷикистон Вячеслав Светличний ёддошти эътирозӣ супорид.         Дар ҷавоби расмии Вячеслав Светличний ба ёддошти эътирозии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфта мешавад, ки ҷиноятҳои дар қаламрави Русия ба муқобили намояндагони миллати тоҷик содиршуда сабаби қаҳру ғазаби на танҳо тоҷикистониён, балки тамоми ҷомеаи Русия мегардад. Дар номаи намояндаи муваққатии ваколатдори Русия таъкид карда мешавад, ки  кормандони сафорат аз куштори шаҳрванди Тоҷикистон дар вилояти Маскав изҳори ташвиш  ва менамоянд. Сафорати Русия ин ҷинояти ваҳшиёнаро маҳкум карда, ба он ҳамчун амали иғвогаронае баҳо медиҳад, ки ҳадафи он тақвият бахшидани хусумати миллӣ ва расонидани халал ба муносибатҳои дӯстонаи халқҳои Россия ва Тоҷикистон мебошад. В.Светличний зикр мекунад, ки аз фурсат истифода бурда, аз номи ҷомеаи мамлакаташ нисбати ин фоҷиаи гӯшношунид изҳори таассуф намуда, ба аҳли оила ва хешу табори мақтул ҳамдардӣ изҳор мекунад.  Қайд карда мешавад, ки тафтиш ва фош намудани ҷиноятҳои вобаста ба хусумати миллӣ яке аз вазифаҳои асосии мақомоти муҳофизи қонуни Россия мебошад. Воқеаи куштори шаҳрванди Тоҷикистон С.Азизов таҳти назорати махсуси мақомоти муҳофизи қонуни Россия қарор дорад,- менависад  В.Светличний.       Мавсуф зикр мекунад, ки барои тафтиши ин ҷиноят аз ҷумлаи кормандони варзидаи кумитаи тафтишот, хадамоти ҷустуҷӯи ҷиноят ва раёсати ба қарибӣ ташкилёфтаи мубориза ба муқобили ифротгароён, инчунин, Хадамоти федералии амният ситоди махсус ташкил карда шуд. Муфаттишон айни ҳол фарзияҳои гуногунро тафтиш мекунанд.  Ҷараёни тафтиши куштори С.Азизовро намояндагони созмонҳои ҷамъиятӣ ва ҳомии ҳуқуқ, аз ҷумла, Палатаи ҷамъиятии  Русия назорат мекунанд,- менависад В.Светличний.            

Декабрь 17, 2008 12:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ — AICONF-2026 оғоз гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид