ТОҶИКИСТОН АЗ МАМЛАКАТИ ҲАМСОЯ ГАЗ МЕХАРАД
Душанбе, 17 декабр. (АМИТ «Ховар», Мавзуна Бойева). – Ҳайати намояндагони Тоҷикистон таҳти роҳбарии директори генералии Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикгаз» Фатҳиддин Мӯҳсиддинов аз сафари Тошканд баргашт. Намояндагони Тоҷикистон бо ҳамкасбони худ аз Ӯзбекистон дар бораи интиқоли газ аз ин мамлакат ба Тоҷикистон дар давоми соли 2009 гуфтушунид карданд. Муовини аввали директори генералии «Тоҷикгаз» Шавкат Шоимов ба мухбири АМИТ «Ховар» гуфт, ки Тоҷикистон соли 2009 аз Ӯзбекистон 650 миллион метри мукааб газ хариданист. Аммо ҷониби Ӯзбекистон танҳо ба фурӯши 550 миллион метри мукааб газ розӣ шудааст. Қайд карда шуд, ки ҷониби Ӯзбекистон дар бораи нархи фурӯши газ то ҳол қарори муайян қабул накардааст.








Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст






