ТОҶИКИСТОН БА КОҲИШИ ТАВЛИДОТИ САНОАТӢ РӮ БА РӮ ШУДААСТ
Душанбе, 6 декабр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Миёни кишварҳои узви ИДМ Тоҷикистон ягона кишварест, ки дар зарфи 10 моҳи соли ҷорӣ ба коҳиши тавлидоти саноатӣ рӯ ба рӯ шудааст. Тибқи маълумоти Кумитаи байнидавлатии омори кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, дар Тоҷикистон дар ин давра ҳаҷми тавлидоти саноатӣ 3,2 фоиз коҳиш ёфтааст. Рушди аз ҳама бештар дар Белорус — 12,8 фоиз, дар Қирғизистон — 12,1 фоиз ва дар Озарбойҷон — 8,4 фоиз ба мушоҳида мерасад. Русия аз лиҳози рушди иқтисодӣ бо нишондиҳандаи 4,9 фоиз дар ҷойи чаҳорум қарор гирифтаст. Нишондиҳандаи кишварҳои дигари узви ИДМ — Арманистон — 4,0 фоиз, Қазоқистон — 2,9 фоиз, Украина — 2,2 фоиз ва Молдова — 2,0 фоиз мебошад. Қобили зикр аст, ки дар зарфи 10 моҳи соли ҷорӣ афзоиши ҳаҷми тавлидоти саноатӣ дар кишварҳои узви ИДМ ба ҳисоби миёна муодили 5 фоиз аст. Ёдовар шудан бамаврид аст, ки Туркманистон ва Ӯзбекистон дар ин бора ба Кумитаи байнидавлатии омори кишварҳои узви ИДМ маълумоте надоданд ва Гурҷистон чанде қабл ин иттиҳодро тарк намуд.








Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






