ТОҶИКИСТОН УЗВИ БОНКИ РУШДИ ЕВРАЗИЯ ГАРДИД

Декабрь 22, 2008 16:53

                  Душанбе, 22 декабр. ( АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова).- Тоҷикистон ба узвияти Бонки рушди Еварзия қабул карда шуд. Айни ҳол бо мақсади ба роҳ андохтани ҳамкории мутақобилан муфид силсилаи ҳуҷҷатҳо таҳия карда мешаванд. Ин ҳуҷҷатҳо шартҳои фаъолияти Бонки рушди Евразияро дар Тоҷикистон ва ҳамкории онро бо бонкҳои мамлакат муайян менамоянд.                  Дар Бонки миллӣ ба мухбири АМИТ «Ховар» гуфтанд, ки қабули Тоҷикистон ба узвияти бонки мазкур имкон медиҳад, то барномаҳои муҳими давлатӣ амалӣ карда шаванд.                  Бонки рушди Евразия муассисаи молиявии байналхалқӣ мебошад, ки Ҳукуматҳои Русия ва Қазоқистон моҳи январи соли 2006 бо мақсади мусоидат ба рушди муносибатҳои бозаргонӣ ва иқтисодиёти давлатҳо, инчунин вусъати равобити мутақобалаи тиҷоратию иқтисодии онҳо созмон дода буданд Бонки мазкур бояд дар оянда яке аз воситаҳои рушди муносибатҳои молиявӣ дар минтақаи Евразия гардад. Ба туфайли он роҳу усулҳои самарабахши сармоягузорӣ, ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ, ҳамгироӣ ва баробар кардани дараҷаи пешрафти иҷтимоию иқтисодии давлатҳои аъзои Ҷомеаи иқтисодии Евразия таъмин карда хоҳад шуд. Маблағи дороии аввалияи бонк 1,5 миллиард доллар мебошад.

Декабрь 22, 2008 16:53

Хабарҳои дигари ин бахш

15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид