«ТОҶИКОНИ ҚАЗОҚИСТОН» БА СЕ ЗАБОН НАШР ШУД
Душанбе, 30 декабр. (АМИТ «Ховар», Бекназвари Абӯбакр). — Бори нахуст дар Қазоқистон китоби «Тоҷикони Қазоқистон» ба се забон — тоҷикӣ, қазоқӣ ва русӣ нашр гардид. Ин иқдом бо ибтикори пажӯҳишгари тоҷик Фарҳод Ҷӯраев, ки дар омӯзиши ҳаёти тоҷикони минтақа саҳм дорад, ба роҳ монда шудааст. Китоб аз мақолаҳои гуногун, аз ҷумла «Ҳаёти дирӯзаву имрӯзаи тоҷикони Қазоқистон», «Ҳаёти фарҳангии тоҷикон», «Тоҷикон дар Қазоқистон», «Дӯстии ба дил наздик» ва «Муносибати фарҳангии тоҷикон ва қазоқҳо дар замони истиқлолият» иборат аст. Муаллиф дар онҳо дар бораи таърих, зиндагӣ ва урфу одати тоҷикони ноҳияҳои Махтааралу Сариоғоч, ки дар он ҷо ағлаби тоҷикони бумӣ ба сар мебаранд, ҳамчунин тоҷикони шаҳрҳои Шимкент, Туркистон, Костанай, Петропавловск, Алмаато ва ноҳияи Сайрам ҳикоят мекунад. Дар ин китоб ҳамчунин мақолаи профессор Абдусаттор Нуралиев дар бораи ҳамкориҳои фарҳангии тоҷикону қазоқҳо ҷой дода шудааст. Лозим ба ёдоварист, ки китоби «Тоҷикони Қазоқистон» бо ёрии молии соҳибкорони тоҷики муқими Қазоқистон дар нашриёти «Жетти жарғӣ»-и Алмаато бо теъдоди 3 ҳазор нусха чоп шудааст.








Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 август, чоршанбе, 238-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд






