«ТОҶИКСТАНДАРТ» ДАР КӮЛОБ ФАЪОЛИЯТАШРО ПУРЗӮР МЕНАМОЯД
Душанбе, 2 декабр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр).- Дар давоми 11 моҳи соли ҷорӣ раёсати минтақавии Агентии давлатии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи Кӯлоб 600 ташхис ва санҷиши маводи ғизоию маҳсулоти кишоварзӣ гузаронд. Дар 38 ҳолат ҷавобгӯ набудани маҳсулот ба меъёрҳои қабулшуда ошкор гардид. Аз маркази матбуоти Агентии давлатии «Тоҷикстандарт» ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки аз оғози сол то ин ҷониб дар минтақаи Кӯлоб фурӯши беш аз 21 тоннаву 487 килограмм орди барои истеъмол номувофиқ манъ карда шуд. Инчунин, дар нуқтаҳои савдои минтақа фурӯши 895 килограмм равғани пахта, 300 килограмм шакари худсохт, 270 килограмм маҳсулоти қаннодӣ, 100 килограмм маҳсулоти ширӣ, 260 килограмм макарон, 90 килограмм ҳасиб, 70 килограмм чой ва беш аз 200 декалитр машрубот ва нӯшокиҳои пастсифат манъ карда шуд. Бояд зикр намуд, ки Агентии «Тоҷикстандарт» минбаъд ба фаъолияти озмоишгоҳҳо бештар таваҷҷӯҳ дода, маҳз дар ин ҷо Қонун «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқи истеъмокунандагон»-ро татбиқ менамояд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






