ТОҶИРОНИ ТОҶИК 5700 МОШИНИ ЧИНӢ ОВАРДАНД

Декабрь 15, 2008 09:41

Бадахшон, 15 декабр. (АМИТ «Ховар», Л. Додоев).- Тоҷирони тоҷик аз Чин мошинҳои гуногунтамғаро ба ҷумҳурӣ ворид менамоянд. Тавре аз Раёсати гумруки вилояти Бадахшон иттилоъ доданд, соли ҷорӣ аз Чин ба ҷумҳурӣ 5700 автомашинаи гуногунтамға овардаанд. Коршиносон омили бо чунин миқдори зиёд харидорӣ кардани автомашинаҳои чиниро дар он мебинанд, ки маркази савдои шаҳри Қошғар аз марзи Тоҷикистон ҳамагӣ 700 км дур аст. Инчунин, мошинҳои истеҳсоли Чин пурбардоштанду барои ба истифода додани онҳо сӯзишвории кам харҷ мешавад. Имсол роҳи Қулма, ки воситаи воридсозии нақлиёт ба ҷумҳурӣ аст, аллакай 1-уми декабр баста шуд. Тибқи шартномаи тарафайни Тоҷикистону Чин, он моҳи майи соли 2009 кушода мешавад.  

Декабрь 15, 2008 09:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст